spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ҳ. Умаров: Вазирони тоҷик аллакай узви чандин шӯроянду коре намекунанд

Душанбе. 1-уми август. «Азия-Плюс» — | Доктори улуми иқтисод, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров бар ин назар аст, ки ба ҳайати Шӯрои тозатъсиси амнияти ғизоии назди ҳукумати кишвар на роҳбарони вазорату идораҳо, балки бояд мутахассисони варзидаву салоҳиятдор шомил бошанд.

«Роҳбарони вазорату идораҳо узви чандин шӯроянду коре намекунанд. Ба ҳайати Шӯро мутахассисони варзида, олимони бахши кишоварзӣ ва саноати коркард бояд аъзо шаванд, зеро онҳо дар бораи захираҳои соҳа ва сатҳи истифодаи он огаҳии хуб доранд. Вақти он расидааст, ки аз чунин корбурд даст кашем, чунки он борҳо номуваффақона анҷом пазируфт», – мегӯяд ӯ.

Дар маҷмӯъ Ҳ.Умаров таъсиси Шӯрои амнияти ғизоиро ҷонибдорӣ намуда, таъкид менамояд, ки шӯроро мебояд дарҳол ба фаъолият шурӯъ кунад. «Дар бахши кишоварзӣ метавон зироатҳои иловагиро кишт кард ва то тирамоҳ ҳосиле ба даст овард. Ҳарчанд аз зироати ғалладонагӣ аллакай ҳосил гирифтан душвор бошад ҳам, нисбат ба сабзавот то ҳанӯз тадбире метавон андешид», – иброз дошт олим.

Олим ба Шӯро тавсия медиҳад, ки ҳарчи зудтар таҳлили баҳисобгирии талаботи солонаи аҳолӣ ва ҳамчунин захоири айни замон дар ихтиёрдоштаро доир созанд. «Муассирии кори Шӯро ба сатҳи саводнокӣ, фаъолияти пурсамар ва мизони касбии аъзои он вобаста хоҳад буд», – афзуд ӯ.

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта бо қарори ҳукумат Шӯрои амнияти ғизоии назди ҳукумати ҶТ таъсис дода шуд, ки сарварии онро нахуствазири кишвар Оқил Оқилов ба ӯҳда хоҳад дошт. Ба ҳайати Шӯрои мазкур роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор шомил мегарданд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...