Душанбе. 2-юми август. «Азия-Плюс» — | Аввали моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаҳои Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ, Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ, мулоқоти чаҳоргонаи сарони кишварҳои Русияву Тоҷикистон ва Афғонистону Покистон ва ҳамчунин сафари президенти Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон доир мегардад ва ҷараёни кори ин чорабиниву мулоқотҳоро ҳудуди ҳазор нафар намояндагони матбуоти кишварҳои узви ИДМ, Афғонистону Покистон ва оҷонсиҳои иттилоотии ҷаҳонӣ инъикос хоҳнд кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари департаменти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев иттилоъ дод, ғайр аз ин, баҳри инъикоси сафари президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистон дар аввали моҳи сентябри соли равон як ҳайати бисёрнафараи рӯзноманигорони Эрон низ ба Тоҷикистон ташриф меоранд.
«Чанде қабл Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон эълон кард, ки бақайдгирии кормандони васоити ахбори умуми ватанӣ ва хориҷӣ баҳри иштирок дар ин чорабиниҳои сатҳи баланд оғоз шуд», – гуфт ӯ.