Душанбе. 3-юми август. «Азия-Плюс» — | Соли равон мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта нисбат ба солҳои пешин пеш аз мӯҳлат оғоз мегардад.
Директори Донишкадаи зироаткории Академияи улуми Тоҷикистон, доктори илм Саидҷамол Саидов дар робита ба ин масъала мегӯяд, баҳори хушк ва ҳарорати баланд дар фасли тобистон ба ин сабаб шудааст.
Ба қавли ӯ, дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили пунбадона аз 10-уми август оғоз хоҳад гардид. Деҳқонони водии Ҳисор моҳи сентябр ба ғунучини ҳосили пунбадона шурӯъ хоҳанд кард. Дар минтақаи шимоли кишвар мавсими ҷамъоварии пахта пас аз 10-уми сентябр оғоз мешавад.
«Мувофиқи пешгӯйиҳо, имсол дар ҷумҳурӣ на камтар аз ним миллион тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ карда мешавад, ки беш аз 15 ҳазор тоннаи он пахтаи маҳиннах буда, ин миқдор дар замони истиқлоли ҷумҳурӣ ҳосили рекордӣ хоҳад буд», – гуфт ӯ.
Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки соли равон аз як гектар ба даст овардани 26 сентнер ҳосил пешгӯйӣ мешавад.
Ёдрас мекунем, ки соли равон дар ҷумҳурӣ дар майдони 203 ҳазор гектар пунбадона кишт шудааст. Соли гузашта пунбадона дар майдони 160,4 ҳазор гектар кишт гардида, 310 ҳазор тонна ҳосил ба даст оварда шуд.