spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Маоши кормандони муассисаву ташкилотҳои буҷетӣ зиёд карда мешавад

Душанбе. 3-юми август. «Азия-Плюс» — |Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон    аз 1-уми сентябри соли равон маоши кормандони корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақаҳо ва стипендия зиёд карда мешавад.

Дар фаромни сарвари давлат «Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши    амалкунандаи    вазифавии    кормандони    муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақаҳо ва стипендия» гуфта мешавад:

– музди меҳнати Директорони институтҳо, пажўҳишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Академияи илмҳои тиббӣ назди Вазорати тандурустии ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 3,3 маротиба ва музди меҳнати кормандони онҳо,  Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхўҷа Сатторов ба андозаи 100 фоиз зиёд карда мешавад;

 – музди меҳнати кормандони Раёсатҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Академияи илмҳои тиббӣ назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони дигар муассисаҳои илмии соҳавӣ ба андозаи 30 фоиз зиёд карда мешавад;

 – музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ, ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои  ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳанг, ки аз Буҷети давлатӣ маблағгузори мешаванд, ба андозаи 40 фоиз зиёд карда мешаванд. Музди меҳнати кормандони соҳаи тиб аз рўи Дастурамали оиди пардохти музди меҳнати соҳаи тандурустии Чумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандон, ки то имрўз 80 сомонӣ мебошад, ба андозаи 112 сомонӣ муқаррар карда мешавад;

 -маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаи маориф ва дигар соҳаҳои аз Буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, ба андозаи 30 фоиз зиёд карда мешаванд;

 – маоши моҳонаи вазифавии Раисон, муовинон ва судяҳои судҳои Вилояти Мухтори  Кўҳистони  Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, иқтисодии Вилояти Мухтори  Кўҳистони  Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳрҳо, ноҳияҳо ба андозаи 100 фоиз, Раисон, муовинон ва Судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музди меҳнати моҳонаи Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба андозаи 50 фоиз зиёд карда мешаванд; 

 – музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ, маошҳои вазифавии (меъёрҳои тарифӣ) кормандони прокурорӣ-прокурорҳо ва муфаттишони мақомоти прокуратура, хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва маош барои рутбаи ҳарбӣ (махсус) аз рўи ҷадвалҳои тарифии музди меҳнат, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд, аз нав ҳисобӣ ва зиёд карда мешаванд. Бояд қайд кард, ки ҷадвали ягонаи тарифии аз 1 октябри соли 2010 дар 5 вазорату идораҳои таҷрибави амалӣ гардида буд ва аз  1 сентябри соли ҷорӣ дар ҳамаи сатҳи мақомоти хизматчиёни давлатии маъмурӣ амалӣ мегардад.

 Дар ҷадвали ягонаи тарифӣ аз тарафи вертикалӣ ҳашт категорияи мансабҳои маъмурӣ бо фарқияти байни ҳар як мансаб 22 фоиз, аз тарафи горизонталӣ иборат аз 14 қадам, бо фарқияти байни ҳар як қадам 5 фоиз ва истифодаи он барои ҳар як мақомоти идораи давлатии дахлдор аз 5 қадам аз рўи собиқаи хизмати давлатӣ пешбинӣ шудааст;

 – музди меҳнате, ки барои кормандони Марказҳои (гурўҳҳои) татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии бо ташкилотҳои байналмиллалии молиявӣ амалишаванда тибқи қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2003 №119 тасдиқ гардидааст, дар доираи маблаѓҳои барои нигоҳдории онҳо пешбинишуда ба андозаи 25 фоиз зиёд карда мешавад;

 – ҳамаи намудҳои нафақаҳои меҳнатӣ ва иҷтимоӣ ба андозаи 25 фоизи нафақаи ҳадди ақал, яъне ба маблағи 20 сомонӣ зиёд карда мешавад;

 – андозаи амалкунандаи стипендияҳои Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон ва стипендияҳои аспирантҳо ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ба андозаи 40 фоиз зиёд карда мешавад.

 Ҷиҳати амалӣ намудани Фармони мазкур аз 1 сентябри соли 2011 барои музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ 194,1 млн. сомонӣ, барои пардохти стипендияҳои Президентӣ ва стипендияҳои давлатӣ 2,5 млн. сомонӣ ва барои пардохти ҳамаи намудҳои нафақа 46,3 млн. сомонӣ, ҷамъ 242,9 млн. сомонӣ маблағи иловагӣ зарур мебошад, ки он бояд аз ҳисоби маблағҳои барои ислоҳоти музди меҳнат, таъминоти нафақа дар соли 2011 пешбинишуда ва аз ҳисоби маблағҳои бақияи озод,  иҷроиши барзиёдии даромади буҷетҳои маҳаллӣ ва аз ҳисоби сарфаи дигар моддаҳои хароҷотӣ ва маблағҳои махсуси  муассисаҳою ташкилотҳои буҷетӣ таъмин карда мешавад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...