Душанбе. 3-юми август. «Азия-Плюс» — | Нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов, раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва аъзои комиссияи ҳукуматӣ аз қисмати харобгардидаи роҳи мошингарди ноҳияи Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ, ки ахири моҳи июл бар асари фаромадани кӯҳпора барои ҳаракати нақлиёт ғайриимкон шуд, боздид карданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз котиботи нахуствазири кишвар хабар доданд, баъди шиносоӣ бо мавзеъи қитъаи роҳи харобагрдида, Оқил Оқилов дар деҳаи Рарзи ноҳияи Айнӣ ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба бартараф сохтани оқибатҳои офати табииро доир сохт.
Нахуствазири кишвар роҳбарони мақомоти дахлдорро муваззаф сохт, ки баҳри ҳарчи зудтар андешидани чораҳо ҷиҳати барқарорсозии офатҳои табиӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Ёдрас мекунем, ки бар асари лағжидани кӯҳпора дар роҳи мошингарди ноҳияи Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ зиёда аз 400 метр роҳи мошингард хароб гардида, қимати хисорот аз ин ҳодиса ҳудуди 110 ҳазор доллари ИМА арзёбӣ мешавад.