Душанбе. 4-уми август. «Азия-Плюс» — | Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин раванд расидан ба ҳадафҳои рақобатпазиргардонии меъёрҳои байналмилалии маданияти хизматрасонӣ бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев то 20-уми августи соли 2011 озмуни «Беҳтарин тарабхона, меҳмонхона ва ошхона» байни соҳибкорон гузаронида мешавад ва на дертар аз 25-уми августи соли 2011 натиҷаи ҷамъбасти он пешниҳоди аҳли ҷомеа мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, тибқи қарори шаҳрдорӣ Комиссияи озмуни таъсис дода шуда, ҳамзамон комиссияи мазкур корҳои вобаста ба эълон, ташкил, баргузорӣ ва ҷамъбасти озмунро дар ҳамкорӣ ва истифода аз имкониятҳои воситаҳои ахбори оммаву ташкилотҳои ғайридавлатӣ ба роҳ мемонад ва ҷиҳати даъвати довталабон ва ҷолибнокии озмун чораҳои заруриро амалӣ месозад.
«Пардохти хароҷоти ташкили баргузорӣ ва ҷамъбасти озмун, инчунин дарёфти мукофотҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ғолибон аз ҳисоби маблағҳои махсуси Раёсати дастгирии давлатии соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ҷалби маблағҳои сарпарастон сурат мегирад. Ғолибони озмун аз рӯи ҷамъбасти ҳар як намуди фаъолият бо Ифтихорномаи шаҳри Душанбе дар соҳаи хизматрасонии намунавӣ сарфароз гардонида, оид ба дастовардҳояшон дар васоити ахбори электронию чопии шаҳр маълумоти зарурӣ ба табъ расонида мешавад» – гуфт Шавкат Саидов.