Душанбе. 4-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар Тоҷикистон болоравии нархи маводи ғизойӣ ба мушоҳида мерасад.
Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, тайи ҳафтаи ахир нархи маҳсулоти ғизойӣ ба андозаи 5-10% боло рафтааст. Дар вазорат сабаби инро ба афзоиши боҷи содиротии Русия ба маводи сӯзишворӣ, афзоиши қурби сомонӣ ба доллари ИМА ва ҷой доштани тақаллубкорӣ дар бозорҳои Тоҷикистон марбут медонанд.
Дар Вазорати мазкур мегӯянд, агар нисбати дар як сатҳ нигоҳ доштани нархҳо чораҳои маҷбурӣ андешида шавад, он ба афзоиши шадиди нарх ва камбуди маҳсулот боис мегардад.
«Албатта, ҳангоме ки бозор худро танзим карда наметавонад, давлатро мебояд ба он мудохила намуд, вале на тариқи дар як сатҳ нигоҳ доштан нарх, балки бо роҳи ба бозор ворид кардани маҳслот ва ба гунаи мисол, ташкили ярмаркаҳои фурӯш, вале ин натиҷаи муваққатист», – гуфтанд дар вазорат.
Дар Вазорати мазкур бар ин назаранд, ки дар бахши иқтисои Тоҷикистон мебояд ислоҳоти густарда гузаронид ва низоми андозу қарзро танзим мебояд кард. «Ҳангоме ки соҳибкор миқдори зиёди андоз пардохт мекунад, ба ҳалли мушкили болоравии нархҳо муваффақ наметавон шуд. Имрӯз соҳибкор беш аз 80%-и даромади худро ба мақомоти андоз медиҳад ва мутаносибан таваҷҷӯҳи таъсиси корхонаи нав ё тиҷорати дигар батамом аз байн меравад», – гуфтанд дар вазорат.
Дар ҳамин ҳол, мутобиқи мониторинги доирнамудаи кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, аз моҳи июли соли гузашта то ба имрӯз арзиши гӯшт ба андозаи 30%, равғани рустанӣ – 56%, шакар – 59%, чой – 60% ва бензин – 45% афзудааст. Дар ин давра нархи орди истеҳсоли ватанӣ ба миқдори 36% ва орди истеҳсоли Қазоқистон ба андозаи 30% зиёд шудаанд.