spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар Тоҷикистон коҳиши эътимоди мардум ба ҳукумат ба мушоҳида мерасад

Душанбе. 5-уми август. «Азия-Плюс» — | Бо ташаббуси «Маркази тарғиботи зиддифасод» ва Ассостсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон» (АМВАОМТ) таҳти уновни «Муроҷиати шахвандон ҳамчун воситаи иштирок дар корҳои давлатӣ» мизи мудаввар доир гардид.

Ба гуфтаи раиси АМВАОМТ Нуриддин Қаршибоев, нодида гиритани муроҷиати шаҳрвандон ва монеъаҳои бюрократӣ зимни баррасии онҳо мардумро ба муроҷиат ба ВАО маҷбур месозад.

«Аммо ВАО ба ивази мақомоти давлатӣ ҳуқуқ надоранд ва мушкилоти мавҷударо низ ҳал карда наметавонанд, – таъкид сохт ӯ. – Рӯзноманигорон ҳукуматдоронро танҳо аз мавҷудияти мушкилот огоҳ месозанд, вале намояндагони ҳукумат на ҳамеша ба он таваҷҷӯҳ зоҳир месозанд  ва аз ин рӯ, он шояд ба зуҳури коррупсия мусоидат намояд».

Як зумра аз иштирокчиёни мизи гирд изҳор карданд, ки дар Тоҷикистон тамоили коҳиши эътимоди мардум ба ҳукумат ба мушоҳида мерасад ва сабаби онро онҳо дар ношаффоф ва бесамар будани фаъолияти низоми ҳукуматдорӣ шарҳ медиҳанд.

Директори «Маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи инсон» Сергей Романов гуфт, қонун дар бораи муроҷиати шаҳрвандон ба таҳрир ниёз дорад, зеро он соли 1996 қабул гардида, ба асноди қонунгузории тайи солҳои ахир ба тасвибрасидаи кишвар мутобиқат надорад.

Ба ақидаи иштирокчиёни чорабинӣ, чун муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти давлатӣ ба инобат гирифта намешавад, онҳо аз ҳифзи саривақтии ҳуқуқии давлатӣ маҳрум мешаванд. Дар ҳамин ҳол, ҳукумат ба мавҷуд набудани механизми «робитаи мутақобила» дучор мегардад, ки ба роҳандозии сиёсати қобиди қабул монеъа эҷод месозад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...