spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Президент ба парандапарварони Мӯъминобод ифтитоҳи ошхонаи хусусиро пешниҳод кард

Душанбе. 9-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар ҷараёни сафар ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон президенти Тоҷикистон аз корхонаи муштараки парандапарварии Тоҷикистону Эрон боздид намуда, ба парандапарварони ноҳия пешниҳод сохт, ки як ошхонаи хусусии тобеъи корхонаро дар маркази ноҳия боз намоянд.

Вале дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» парандапарварон иқрор шуданд, ки мушкилоте мавҷуд аст, ки маъмурияти корхона имкони ҳалли онро надорад, зеро то ҳанӯз корхона бо маблағҳои масрафшудаи ҷонибиЭрон фаъолият дорад. «Ҳатто мусоидати нахуствазири ҷумҳурӣ кӯмак накард, зеро то ҳол бонкдорон ба мо қарз намедиҳанд», – гуфтанд онҳо.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати ҷумҳурӣ супориш дод, ки барои рушди корхонаи парандапарварии ноҳияи Мӯъминобод 3 млн. сомонӣ маблағ ҷудо намоянд.

Дар ҳамин ҳол, дар ноҳияи Мӯъминобод бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як сардхонаи бузург, ки барои нигоҳдории 1000 тонна гўшт ва меваю сабзавот пешбинӣ шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ғайр аз ин, мутобиқи супоришҳои сарвари давлат муддати ду соли наздик дар ноҳияи Мӯъминобод мушкилоти таъминот бо оби нӯшокӣ ҳал гардида, дар остонаи таҷлили ҷашни Наврӯзи соли 2012 тамоми пойгоҳҳои обкашӣ барқарор мегарданд ва дар муддати ду сол майдони кишти картшка ду баробар меафзояд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин супориш дод, ки аз фонди эҳтиётии худ барои аз таъмир баровардани беморхонаи касалиҳои сил, сохтмони 40 манзили зист барои табибони ноҳия ва таъмиру тармими роҳҳо маблағҳои зарурӣ ҷудо карда шаванд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...