Душанбе. 12-уми август. «Азия-Плюс» — | Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ҷузъиёти боздошти шаҳрвандони тоҷик дар фурудгоҳи Биковоро муайян месозад.
Тавре қаблан хабар дода будем, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Маскав рӯзи 11-уми август беш аз 400 нафар муҳоҷирони меҳнатии аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ омадаро боздошт карданд. Дар ВАО шумори гуногуни муҳоҷирон ва фарзияҳои мухталифи ҳодисаи мазкур нашр шуданд.
«Гурӯҳи фаврии намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ба макони ҳодиса рафта, амалҳои заруриро анҷом медиҳад», – гуфтанд ба ОИ «Азия-Плюс» дар намояндагӣ.
Бино ба маълумоти пешакӣ, аз миқдори умумии боздоштшудагон нисбати 50 нафар чораи истирдод андешида шуда, нисбат ба 180 нафар муҳоҷирон асноди зарурӣ таҳия ва онҳо ҷаримабандӣ карда мешаванд.
«Аз 230 нафари боздоштшудагон, ки айни замон дар ШКД «Биково» қарор доранд, ҳудуди 40 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Айни замон кормандони мо дар ҳамрохӣ бо ҳамтоҳои русиягии худ ҷузъиёт ва ҳолатҳои ҳодисаро мавриди омӯзиш қарор додаанд», – хабар дод манбаъ.
Аз намояндагии мазкур ҳамчунин иттилоъ доданд, ки ҷиҳати кӯмаки ҳуқуқӣ расонидан ба шаҳрвандони тоҷике, ки дар асоси қонунӣ дар Русия қарор доштанду қонунгузорӣ дар бораи муҳоҷиратро вайрон накардаанд, нақшаи тарзи расонидани ёрӣ таҳия мегардад.