Душанбе. 16-уми август. «Азия-Плюс» — | Амирҷон Убайдуллоев, писари раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ ва раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, намояндаи нави Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байнулмилалии асъор таъин карда шуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, моҳи гузашта мӯҳлати ваколати намояндаи пешини Тоҷикистон дар БҶ ва ХБА Завқӣ Завқибеков ба анҷом расид ва дар робита ба ин, созмонҳои байнулмилалӣ барои намояндаи нави Тоҷикистон ба ин мансаб даъватнома фиристоданд.
Президенти Тоҷикистон фармони таъини А. Убайдуллоев ба ин мансабро ҳанӯз 3 ҳафта пеш ба имзо расонидааст.
Ба иттилои манбаъ, айни замон А. Убайдуллоев ба иҷрои вазифа шурӯъ карда, ҳамзамон ӯ мушовири мудири иҷрокунандаи ХБА ва БҶ аз Тоҷикистон низ мебошад.
Қаблан Амирҷон Убайдуллоев ба ҳайси сардори шӯъбаи идораи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ ифои вазифа мекард. Аз ин мансаб ӯ бо хоҳиши худаш рафтааст.
Ҳамчунин қаблан вазифаи намояндаи Тоҷикистон дар БҶ ва ХБА-ро домоди президенти Тоҷикистон – Ҷамолиддин Нуралиев низ ба ӯҳда дошт. Айни замон ӯ муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ аст.