Ҳаракати нақлиёт дар роҳи мошингарди назди меҳмонхонаи «Пойтахт» ва мағозаи «Олами китоб»-и шаҳри Душанбе барқарор гардид.
Роҳи мошингарди кӯчаи Айнӣ дар мавзеи сохтмони гузаргоҳҳои зеризаминӣ ба самти фурудгоҳ аз ҳар ду ҷониб боз карда шуд. Ба гуфтаи сардори раёсати сохтмони асосии мақомоти шаҳрдории пойтахт Саидшариф Анваров, сохтмони гузаргоҳҳо то ахири соли равон пурра ба анҷом хоҳад расид.
Ёдрас мекунем, ки мақомоти шаҳрдории Душанбе барои сохтмони ду гузаргоҳи зеризаминӣ дар кӯчаи Айнӣ, наздикии меҳмонхонаи «Пойтахт» ва назди «Олами китоб» беш аз 11 млн. сомонӣ (ҳудуди 2,4 млн. $) маблағ ҷудо кард. Ба сохтмони гузаргоҳҳои зеризаминӣ дар пойтахт як ширкат аз Тоҷикистону як ширкати дигар аз Чин машғуланд. Корҳои зебу ороиши гузаргоҳҳо бо тарзу усули риояи анъанаҳои миллиро устодони тоҷик ба иҷро мерасонанд.