Соли равон дар остонаи таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли давлатии Ӯзбекистон мақомоти ин кишвари ҳамсоя равуои шаҳрвандони Тоҷикистонро тавассути гузаргоҳҳои марзии худ маҳдуд намесозанд.
Айни замон ҳамаи гузаргоҳҳо дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳуҷҷатҳои дахлдор бидуни монеъа метавонанд вориди қаламрави Ӯзбекистон шаванд.
«Соли равон дар арафаи таҷлили ҷашни истиқлоли давлатии Ӯзбекистон шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳиши гирифтани раводидро доштанд, хеле кам шуд. Ба ақидаи мо, инро сабаб дар он аст, ки аксари шаҳрвандон аз боз нигоҳ доштани марзи Ӯзбекистону Тоҷикистон дар рӯзҳои таҷлили ҷашн огаҳӣ надоранд», – гуфтанд ба ОИ «Азия-Плюс» дар намояндагии дипломатии Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе.
Ёдрас мекунем, ки солҳои қаблӣ дар остонаи таҷлили ҷашнҳо Ӯзбекистон реҷаи равуои шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишвари ҳамсояро маҳдуд месохт. Ҷашни истиқлоли давлатии Ӯзбекистон ҳамасола 1-уми сентябр таҷлил мегардад.