Ҳайати дастаи Тоҷикистон, ки дар мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар шаҳри Дэгуи Кореяи Ҷанубӣ ширкат меварзад, муайян карда шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармураббии дастаи Тоҷикистон Ӯлмас Олимов хабар дод, ба ҳайати даста Дилшод Назаров (гурзпартойӣ) ва Влада Овчаренко (давидан ба масофаи 100 метр) шомил гардидаанд.
«Варзишгарон барои иштирок дар мусобиқоти мазкур омода буда, айни замон Дилшод Назаров дар макони баргузории мусобиқот – Кореяи Ҷанубӣ машғули тамрин аст ва рӯзҳои наздик Влада Овчаренко низ ба он ҷо меравад», – гуфт ӯ.
Мусобиқоти чемпионат аз рӯйи ҳамаи навъҳо дар варзишгоҳи ш. Дэгу доир мегарданд, ки аз ҷиҳати бузургӣ пас аз шаҳрҳои Сеул, Пусан ва Инчхон чаҳорумин шаҳри бузургтарини Кореяи Ҷанубӣ аст.
Мусобиқоти мазкур аз 27-уми август то 4-уми сентябри соли равон доир гардида, дар он ҳудуди 2 ҳазор нафар варзишгарон аз 202 кишвари дунё ширкат меварзанд. Дар зарфи 9 рӯз варзишгарон барои гирифтани 47 медал (24 дад барои мардон ва 23 адад барои занон) қувваозмоӣ хоҳанд кард.