Рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаригашта афроди ҷиноятпешаи номаълум бо сарулибоси низомӣ ва аслиҳаи оташфишон як тоҷир – сокини ноҳияи Ҷаббор Расуловро ғорат карданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, онҳо ба тоҷир бо силоҳ таҳдид карда, маснӯъоти заргарии ӯро ба маблағи умумии 485 ҳазор сомонӣ (беш аз 100 ҳазор $) бо худ бурдаанд. Сипас онҳо аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зикр гардид, ки айни замон ҷиҳати боздошти ҷинояткорон чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ андешида мешаванд.