Мутобиқи Қонун «Дар бораи афв»-и ҳафтаи гузашта батасвибрасида, субҳи имрӯз аз муассисаи ислоҳотии шаҳри Норак 112 нафар занони маҳбус озод карда шуданд.
Миёни озодшудагон 12 нафар шаҳрвандони Русия, Қазоқистон, Латвия ва Литва ҳузур доранд. Сарояндаи маъруф Фарзонаи Хуршед низ мутобиқи ин қонун озод карда шуд.
Фарзонаи Хуршед духтари сарояндаи маъруф Сурайёи Қосим ва хоҳари хурдии ситораи эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё аст. Ӯ моҳи феврали соли 2010 барои мусоидат ба фирори айбдоршаванда аз толори додгоҳ ба муддати 2 соли зиндон маҳкум гардида буд.
Шиноси ӯ Фаррух Рӯзиев он замон ба даст доштан дар қаллобӣ гумонбар дониста мешуд. Ӯ мустақилона толори додгоҳро тарк карда, дар кӯча ба автомашинаи таҳти идораи Фарзонаи Хуршед нишаст ва онҳо паноҳ бурданд, вале пас аз як рӯз боздошт карда шуданд.
Дар мурофиаи додгоҳӣ Фарзонаи Хуршед изҳор кард, ки ӯ аз бидуни иҷозат толорро тарк кардани шиносаш огоҳ набуд ва Рӯзиев низ инро тасдиқ кард. Аммо додгоҳ ба чунин хулоса расид, ки Рӯзиев тамоми гуноҳро ба дӯши худ гирифтанист ва ҳардуро маҳкум намуд.
Фаррух Рӯзиев ба 10 соли зиндон маҳкум шуд. Ду нафар кормандони милиса, ки ба ӯ иҷозати тарки толори додгоҳро дода буданд, мутаносибан ба мӯҳлати 2 ва 1,5 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд.
Мутобиқи «Қонун дар бораи афв», дар Тоҷикистон 15 ҳазор нафар, аз ҷумла 4 ҳазор нафар маҳбусон мавриди афв қарор мегиранд, ки миёни онҳо 256 нафар занон ва 107 нафар ноболиғон ҳузур доранд.
Дар замони истиқлолияти кишвар ин афви 13-умин ба шумор рафта, дар маҷмӯъ зимни татбиқи Қонунҳо «Дар бораи афв» дар Тоҷикистон ҳудуди 100 ҳазор нафар афв шуданд.