Манъи ҳаракати нақлиёт тавассути нақби «Истиқлол» моҳи сентябр дар назар аст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати сохтмони роҳҳо ва хоҷагии роҳи Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, корҳои идомаи сохтмони нақб пас аз дастрас гардидани маблағи иловагӣ оғоз мегарданд. «Масъалаи сармоягузории иловагӣ ба идомаи сохтмони нақб ҷиҳати муҷаҳҳаз сохтани он бо дастгоҳҳои равшанидиҳанда ва ҳавософкун ҳаллу фасл гардида, Тоҷикистону Эрон барои ҷудо кардани 3 млн. доллари ИМА аз ҳар ду ҷониб (6 млн. $) ба мувофиқа расидаанд. То ахири соли равон пурра ба итмом расидани корҳои сохтмонӣ дар нақби «Истиқлол» ба нақша гирифта шудааст», – гуфтанд дар раёсати мазкур.
Ёдрас мекунем, ки нақби «Истиқлол» на танҳо муддати тамоми сол робита бо минтақаи шимоли ҷумҳуриро таъмин мекунад, балки минбаъд барои даст ёфтан ба кишварҳои хориҷи дуру наздик низ шароит фароҳам хоҳад сохт.
Сохтмони нақб соли 2003 аз ҷониби ширкати эронии «Sobir International» оғоз гардида буд. Баҳри амалисозии лоиҳаи мазкур Эрон беш аз 31 млн. доллари ИМА ҷудо кард, ки 10 млн. $-и он бурс ва 21, 2 млн. доллари ИМА қарз буд. Аз замони оғози амалисозии лоиҳа ҳиссаи Тоҷикистон дар он 7,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.