Ҳаҷми афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар соли равон 6,4%-ро ташкил хоҳад дод
.
Бино ба маълумоти Кумитаи омори ИДМ, ММД-и Ӯзбекистону Белорус нисбат ба соли гузашта мутаносибан ба андозаи 8,2 ва 8% зиёд хоҳад шуд. Ҳаҷми афзоиши ММД дар кишварҳои дигари узви ИДМ ба тариқи зайл аст: Қазоқистон – 6, Қирғизистон – 5,5, Арманистон – 5 ва Русияву Украина – 4,6%.
Интизор меравад, ки ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон нисбат ба соли 2011 дар соли оянда ба миқдори – 6,2, Ӯзбекистон – 8, Белорус – 6,5, Қирғизистон – 6, Қазоқистон – 5,8, Украина – 5 ва Озарбойҷон – 3,5% меафзояд.
Соли оянда афзоиши ҳаҷми ММД дар кишварҳои узви ИДМ ба ҳисоби миёна дар ҳаҷми 4,5% пешбинӣ мегардад.
Қобили зикр аст, ки ҳаҷми ММД-и Тоҷикистон дар соли 2010 беш аз 24,704 млрд. сомонӣ (зиёда аз 5,6 млрд. $ бо қурби аввали моҳи январи соли 2010)-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2009 ба андозаи 6,5% зиёдтар аст. Аз рӯйи натиҷаҳои соли 2009 ҳаҷми ММД-и кишвар ба 20 млрд. 622 млн. сомонӣ баробар буд.
Аввали соли равон Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ пешбинӣ карда буд, ки афзоиши ҳаҷми ММД-и Тоҷикистон дар соли равон 30,2 млрд сомониро ташкил хоҳад дод. Афзоиши воқеъии ҳаҷми ММД дар сатхи 6,5% ба нақша гирифта шудааст.