Дар мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар шаҳри Париж варзишгари тоҷик Фарҳод Раҳимов (вазни то 81 кг) пас аз се ғалаба бар дзюдочиёни Шветсия, Гаити ва Қирғизистон, дар қувваозмоӣ бо варзишгари Черногория ба нокомӣ дучор шуд.
Дар ин вазн боз як намояндаи Тоҷикистон Шералӣ Бозоров қувваозмоиҳоро аз даври дуюм оғоз намуда, аз дзюдочии аргентинагӣ шикаст хӯрд.
Ёдрас мекунем, ки дар ин мусобиқот ду намояндаи Тоҷикистон Ҷамшед Халилов (вазни то 60 кг) ва дзюдочии маъруфи тоҷик, дорандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин Расул Боқиев (вазни то 73 кило) дар вохӯриҳои нахуст шикаст хӯрда, аз идомаи қувваозмоиҳо маҳрум гардиданд.
Рӯзи 26-уми август Тоҷикистонро дар вазни то 90 кило варзишгари пуртаҷрибаи тоҷик Парвиз Собиров намояндагӣ карда, бо дзюдочии Того қувваозмоӣ мекунад.
Дар рӯзи охирини чемпионат дар вазни то 100 кило дзюдочии тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов бо Милан Дисовис вомехӯрад.