Рӯзҳои таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази маъмурии вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд ба ҷуз гузашти низомӣ, намоиши идонаи сокинони вилоят низ баргузор мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармутахассиси Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Набӣ Ҷӯраев хабар дод, дар намоиши идона кормандони бахшҳои гуногун, аз ҷумла соҳаҳои саноату тандурустӣ, маорифу фарҳанг ва сокинони шаҳр ширкат хоҳанд варзид.
Ҳар як қатори намояндагони намоиш ба лавҳаву шиор ва парчамҳо зеб дода хоҳад шуд. Кормандони бахши фарҳанги вилоятро 220 нафар кормандони осорхонаву театр ва мусиқачиёну ҳунармандон намояндагӣ хоҳанд кард. Онҳо ба намоиш бо сарулибоси театрӣ ва асбобҳои мусиқӣ ҳозир хоҳанд шуд.
Намоиши ҷашнии мазкур яке аз чорабиниҳои бузургтарини идона тайи солҳои ахир буда, он дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев баргузор мешавад.
Дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд шурӯъ аз 6-уми сентябр ба таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли ҷумҳурӣ шурӯъ карда мешавад.