Рӯзҳои 21-26-уми августи соли 2011 дар Ҷумҳурии Мисри Араб таҳти сарпарастии Вазорати авқоф ва Азҳари шариф Озмуни 19-уми байналмилалии ҳофизони Қуръон баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 100 довталаб аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, Афғонистон, Россия ва Қазоқистон иштирок карданд.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин Озмуни байналмилалӣ 2 нафар Абдуллои Маҳмадуллои 21-сола ва Абдуллоҳ Раҳматови 13-сола муаррифӣ намуданд. Номзадҳои мазкур бомуваффақият баромад карда, ба ишғоли ҷойҳои мукофотии даҳгонаи аввал ноил шуданд.
Абдуллои Маҳмадулло дар бахши асосии Озмун “ҳифзи Қуръон комилан бо таҷвид, тартил ва тафсир” ҷойи панҷумро ишғол намуда, ба гирифтани шаҳодатнома ва ҷоиза ба маблағи 5000 долл. ИМА сазовор гардид. А.Раҳматов дар бахши дуюми Озмун “ҳифзи Қуръон комилан бо таҷвид ва тартил” ҷои ҳафтумро ишғол намуда, ба гирифтани шаҳодатнома ва ҷоиза ба маблағи 2200 долл. ИМА сазовор дониста шуд.
Созмондиҳандагони Озмун ба иштироки намояндагони тоҷикистонӣ баҳои баланд дода, изҳори умед карданд, ки Тоҷикистон дар озмунҳои ояндаи ҳифзи Қуръон низ фаъолона иштирок хоҳад кард.