spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Вазорати нақлиёт: «Туртранскарго» ба ҳамлу нақли бор барои НАТО машғул нест


Сарчашмаҳои тоҷикистонӣ маълумот дар хусуси ба ҳамлу нақли бор аз фурудгоҳи «Манас»-и Қирғизистон ба Афғонистон машғул будани ширкатеро, ки ба духтари президенти Тоҷикистон муносибат дорад, рад месозанд.

Чанде қабл президенти Иттиҳодияи ҳамлу нақли бори Қирғизистон Темирбек Шабданалиев дар мусоҳиба ба нашрияи «Tazabek» изҳор кард, ки тамоми корҳои марбут ба ҳамлу нақли бор аз фурудгоҳи «Манас» ба Афғонистонро ширкати «Туртранскарго» анҷом медиҳад, ки ба он духтари президенти Тоҷикистон низ муносибат дорад.

Бино ба маълумоти ӯ, ширкат шурӯъ аз соли 2009 ба фаъолият пардохта, бо он то соли 2012 қарордод ба имзо расидааст.

«Ба иштирок дар тендер ширкатҳои ҳамлу нақли бори ватаниро роҳ надоданд. Ҷониби Амрико ба баррасии масъалаи иштироки ширкатхои мо дар ҳамлу нақли бори низомӣ ва ғайринизомӣ ба Афғонистон омода аст. Агар корхонаи давлатии нақлиёти автомобилӣ таъсис дода шавад, мо бо ширкатҳои ҳамлу нақли бори Тоҷикистон рақобатпазирӣ карда метавонем», – гуфтааст Т. Шабданалиев.

Аммо ин иттилоъро сарчашмаҳои расмӣ дар Тоҷикистон рад сохтанд. «Ширкати «Туртранскарго» барои иштирок дар тендери эълоншуда аз ҷониби Пентагон барои таъмини ҳамлу нақли борҳои ғайринизомӣ аз фурудгоҳи «Манас» ба Афғонистон ҳатто ариза пешниҳод накардааст», – изҳор дошт дар робита ба ин масъала сардори Сарраёсати нақлиёти рӯйизаминии Вазорати нақлиёти кишвар Фаррух Фахриддинов.

Ба гуфтаи Фахриддинов, ба ҳамлу нақли борҳо ширкати дигари Тоҷикистон машғул аст. Дар ҳамин ҳол, ӯ аз ифшои номи ин ширкат худдорӣ карда, изҳор намуд, ки таваҷҷӯҳи беҳад зиёди ВАО-и Тоҷикистон ба масъалаи мазкур ба имконоти ширкатҳои тоҷикистонӣ ҷиҳати ғолиб омадан дар тендерҳои минбаъда таъсири манфӣ мерасонад.

Ҳамчунин ӯ маълумот дар бораи ба духтари президент Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ доштани ширкати «Туртранскарго»-ро низ рад кард.

Дар худи ширкати «Туртранскарго» изҳор карданд, ки суханони Т. Шабданалиев асоси воқеъӣ надоранд. 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...