Шоми имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими барафрохтани парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар поягоҳи баландтарини дунё дар ҷаҳон доир мегардад
.
Дар маросими мазкур намояндагони Китоби рекордҳои Гиннес ширкат хоҳанд варзид.
Баландии поягоҳ 165 метр, паҳноии парчам дар фазои пойтахти Тоҷикистон 30 метр ва дарозии он 60 метрро ташкил медиҳад.
Корҳои насбу ҷобаҷогузории сутунро мутахассисони ширкати банулмилалии «Trident Support» ба анчом расониданд, ки дар ин соҳа дар ҷаҳон ягона ширкати эътирофшудаанд. Ҳамчунин дар корҳои сохтмони поягоҳ корхонаҳои ватании «Алюминсохтмон» ва КВД «Талко» низ саҳм гирифтанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати кишвар хабар доданд, дар маросими барафрохтани парчами миллӣ президенти Тоҷикистон, аъзои ҳукумат, аҳли ҷомеа ва намояндагони корпуси дипломатии муқими ҷумҳурӣ иштирок хоҳанд кард.