Иттиҳоди Аврупо ва Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон Созишномаи молиявиро оиди Барномаи дастгирии рушди инсонӣ (БДРИ) ба имзо расониданд, ки 3 бахшро дарбар мегирад: тандурустӣ, хифзи иҷтимоӣ ва идоракунии молияи давлатӣ. Буҷети ҷудокардашуда ба бахшҳои номбаршуда 26 миллион евроро ташкил медиҳад.
Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, мақсади асосии Барномаи дастгирии рушди инсонӣ – ин кӯмак расонидан ба беҳтаршавии вазъияти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, хусусан барои табақаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд мебошад.
Барнома барои ба даст овардани муваффаққиятҳои зерин ёрӣ мерасонад: а) пешравии ислоҳот дар соҳаи хизматрасоние, ки зарурияташ устуворкунии ёрии аввали тибби-санитарӣ, беҳтаршавии идоракунӣ ва маблағгузории соҳаи тандурустӣ; б) заминаи самараноки дар сиёсати нафақа ва маъмурияти нафақа; в) баланд бардоштани самаранокии хароҷотҳои давлатӣ дар бахшҳои зикршуда ба воситаи идоракунии молиявии беҳтаркардашуда, тобеият ва шаффофият; г) шарикии сохторҳои хусусӣ ва давлатӣ бо иштироки фаъолонаи ташкилотҳои ҷамъиятии шаҳрвандӣ дар хизматрасонӣ дар соҳаи ёрии иҷтимоӣ.
БДРИ дар оянда, хамчунин, баробарҳуқуқии гендериро дар кишвар дастгирӣ карда, нақшаи амалиётро дар баробарҳуқуқии зану мард дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣ ва тандурустӣ пеш мебарад. Ёрӣ расонидан ба тараққиёти ҳуқуқи инсон дар хизматрасонии баробар дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва тандурустӣ, хусусан барои табақаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд, ифода меёбад. Идоракунии давлатии мувофиқ на танҳо ба ин барнома дохил карда мешавад, балки қисми муҳими ин барнома ба ҳисоб меравад; ин дар натиҷаҳои Идоракунии молияи давлатӣ (ИМД) ифода ёфтааст.
Барнома дар се самт амалӣ карда мешавад:
а) Дастгирии буҷетӣ (18 миллион евро);
б) Ёрии техникӣ барои дастгирии амалигардонии ислоҳот (5.5 миллион евро);
в) Грантҳо барои ташкилотҳои ҷамъиятии шаҳрвандӣ (2.2 миллион евро).
Вазорати тандурустӣ, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалӣ кардани Барномаи дастгирии рушди инсонӣ дар муддати 3 соли баамалбарорӣ масъул мебошанд.
Иттиҳоди Аврупо аз 27 мамолики узв иборат буда, донори бузургтарини дунё маҳсуб мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бештарин ҳиссаи ёрии дутарафаро дар минтақаи Осиёи Марказӣ (66 миллион евро барои 2007-2010 ва 62 миллион барои 2011-2013) барои дастгирии барномаҳои секторӣ, ёрии техникӣ ва грантӣ соҳиб мешавад. Ин ёрӣ ба соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, пешравии тандурустӣ ва сектори хусусӣ равона карда мешавад. Тоҷикистон, ҳамчунин, аз ёрии минтақавӣ ва мавзӯъӣ дар чунин соҳаҳо, ба мисли назорати сарҳадӣ ва мубориза алайҳи нашъаҷалобӣ (BOMCA/CADAP), маориф (TEMPUS, Erasmus Mundus), об/муҳити атроф, муҳоҷират, ҳуқуқи башар ва демократия (EIDHR), сохторҳои ғайридавлатӣ (NSA) ва тараққиёти муассисаҳои хурд ва миёна (CA-Invest) бархурдор аст. Аз соли 1992 инҷониб Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 500 млн. евро кӯмак фароҳам намуд.