Ӯзбекистон бори навбатӣ ҷиҳати таъсири манфии фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Корхонаи алюминии Тоҷикистон (КВД «Талко») ба вазъи солимии аҳолӣ ва муҳити зист аз болои ин корхона ба Созмони Милали Муттаҳид шикоят бурдааст.
Васоити ахбори умуми Ӯзбекистон менависанд, изҳороти сокинони вилояти Сурхондарё ба унвони Маҷмаъи кулли СММ аз ҷониби Ҳаракати экологии Ӯзбекистон рӯзи 6-уми сентябр ба намояндагии Барномаи рушди СММ дар Ӯзбекистон супурда шудааст.
Дар изҳорот гуфта мешавад, тӯли 35 сол сокинони вилояти Сурхондарё аз оқибатҳои фоҷеабори ифлосшавии муҳити зист аз партовҳои корхонаи кишвари ҳамсоя мушкилӣ доранд, вале мақомоти раҳбарии корхона ва ҳукуматдорони Тоҷикистон ба ин ташвиши онҳо таваҷҷӯҳе зоҳир намесозанд.
«КВД «Талко» ҳудуди 22 ҳазор тонна партовҳои зарароварро ба фазо хориҷ мекунад, ки 120 тоннаи он маводи беҳад зараровари фторид аст. Миқдори зиёди ин партовҳо дар муддати 18-19 соат то фазои ноҳияҳои Сариосиё, Узун, Деҳнав, Олтинсой, Шурча ва Қумқӯрғони вилояти Сурхондарё мерасанд, ки дар ин қаламрав зиёда аз 1,1 млн. нафар аҳолӣ зиндагӣ дорад. Дар ин қаламрав таваллуди кӯдакон бо ноқисиҳои модарзодӣ ҳодисаи маъмулӣ шудааст. Сол то сол дар минтақаи мазкур бемориҳо зиёд шуда, шумори таваллудҳои пеш аз мӯҳлат бештар мегардад. Таҳқиқоти тиббии кӯдакони 6-солаи сини томактабӣ нишон дод, ки 36,5%-и онҳо аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва фикрӣ ақиб мондаанд», – омадааст дар изҳорот.
Дар ҳамин ҳол, роҳбари департаменти иттилоотӣ-таҳлилии КВД «Талко» Игор Сатторов мегӯяд, ин масъаларо метавон тавассути назардошти ҳуқуқҳои байнулмилалӣ ҳал намуд. Ба гуфтаи ӯ, «ба ин кор машғул шудани кадом як ҳаракати экологӣ зарур нест, зеро онҳо ба ин масъала ангезаи сиёсӣ медиҳанд. Барои пешниҳоди даъво заминаи собитсозии далелҳои онро мебояд дошт. Чун дар баҳс як ҷониб иштирок мекунад, пас чӣ тавр метавонад заминаи собитсозии далелҳо вуҷуд дошта бошад».