Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳров бо сафари дурӯза озими водии Рашт шуд. Дар ин ҷо ӯ дар чорабиниҳои идона ба ифтихори таҷлили ҷашни 20-умин солгарди Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ ширкат хоҳад варзид.
Сухангӯйи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов мегӯяд, Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ, ки дар ноҳияҳои Рашт, Ҷиргатол ва Тоҷикобод сохта шудаанд, низ ширкат хоҳад намуд.
Раиси палатаи поёнии парлумони кишвар ҳамчунин бо интихобкунандагони худ дар ноҳияи Рашт як силсила мулоқот хоҳад орост.