spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Барориши тангаҳои ҷашнии Бонки миллии Тоҷикистон


Ба муносибати ҷашни 20-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки миллии кишвар тангаҳои хотиравӣ баровард. Тангаҳои ҷашнӣ бо арзиши 50 сомонӣ аз нуқра тайёр карда шудаанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз БМТ хабар доданд, тангаҳо аз ҷониби корхонаи «Интернешнл Койн Хаус»-и Швейтсария омода шудаанд. Дар маҷмӯъ шумори онҳо 3 ҳазор дона буда, вазни ҳар як танга 28 грамм аст. Як тангаро метавон дар Бонки миллии Тоҷикистон бо пардохти 583 сомониву 89 дирам маблағ дастрас кард.

Бори нахуст тангаҳои нуқрагии арзишашон 3 ва 5 сомонӣ соли 2004 ба муносибати 80-умин солгарди шаҳри Душанбе ва 10-солагии қабули Конститутсия бароварда шуда буданд. Бори ахир бошад, тангаҳои нуқрагӣ соли 2008 ба ифтихори 1150-солагии асосгузори адабиёти форсу тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ бароварда шуд.

Соли 2006 ба муносибати таҷлили ҷашни 15-умин солгарди Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ тангаҳо аз металлҳои қимматбаҳо, нуқра ва тило бароварда шуданд.

Тоҷикон анъанаи хеле қадими сикказанӣ ва муомилоти пулӣ доранд. Барориши аввалин сиккаҳо дар сарзамини бостонии Бохтару Суғд аз асри III то милод, аз замони давлатдории сулолаҳои Селевкиён ва Юнону Бохтариён ибтидо мегирад. Ин сиккаҳо драхма (дирҳам) ном дошта, тибқи анъанаҳои сикказании юнониён сохта мешуданд. Минбаъд сикказанӣ ва муомилоти пулӣ дар тӯли таърихи миллат ҳеҷ гоҳ қатъ нагардида, то садаи ХХ пайваста идома ёфтааст.

Авҷи аълои сикказанӣ ва муомилоти молию пулӣ ба даврони аввалин давлати мутамаркази тоҷикон – Сомониён (875 – 999), ки пули нави Тоҷикистони мустақил ба ифтихори онҳо «Сомонӣ» номгузорӣ шудааст, рост меояд. Қобили тазаккур аст, ки дар қаламрави ин давлати муқтадир қариб 30 маркази сикказанӣ вуҷуд дошт.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...