Мутобиқи афви эълоншуда, то ба имрӯз аз муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон 3 ҳазору 600 нафар озод карда шуданд. Аз боздоштгоҳҳо 400 ва аз муассисаҳои ислоҳӣ 3 ҳазору 200 нафар озод гардиданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи ҷумҳурӣ хабар доданд, миёни афвшудагон 180 нафарашонро занон, 102 нафар ноболиғон ва боқимондаро мардон ташкил медиҳанд.
Бино ба иттилои манбаъ, Қонун «Дар бораи афв» аз рӯзи ба имзо расиданаш муддати се моҳ – то 20-уми ноябри соли равон амалӣ мегардад. Дар маҷмӯъ ҳудуди 4 ҳазор нафар мавриди афв қарор мегиранд. Гуфта мешавад, афв қисман ё пурра қариб ба 15 ҳазор нафар дахл хоҳад кард.
Афви мазкур ба муносибати 20-умин солгарди Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ эълон гардида, дар замони истиқлолияти кишвар афви 13-ум маҳсуб меёбад. Дар ин давра ҳудуди 100 ҳазор нафар мавриди афв қарор гирифтанд.