Дафтари Сафоратхонаи ИМА оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ дар ҳамкорӣ бо иҷрокунанда Зе Эмерҷенс Груп курсҳои забони англисиро барои муаллимони Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилӣ ва фарзандони онҳо гузаронд.
Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, курсҳои семоҳаи ба наздикӣ ба итмом расида ба сарфу наҳв, ҳусни хат, хониш, нутқ, талаффуз, фаҳмидани нутқи шифоҳӣ ва луғат диққат дода буд. Бисту шаш хонандагон курсҳоро хатм карданд.
Ҳукумати ИМА омодааст мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои соҳаи адлияро дастгирӣ намояд ва мунтазири давомдиҳии ҳамкории зич баҳри татбиқи лоиҳаҳои муштараки оянда мебошад. Барномаи Сафорати ИМА оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ба мардуми Тоҷикистон аз соли 2003 барои дастгирии соҳаҳои амният ва адлия беш аз 52 миллион доллари ИМА таъмин намуд.