Моҳҳои январ-августи соли равон сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 8,5%-ро ташкил дод.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, дар ин давра қимати маводи ғизоӣ ба андозаи 9,5% ва дигар маҳсулоти ғайриғизоӣ дар ҳаҷми 5% афзуда, афзоиши тарофаҳо ба хизматгузории пулакӣ ба аҳолӣ 11,2% зиёд шудаанд.
Суръати миёнаи моҳонаи таваррум дар бахши истеъмолӣ 1,1% (дар ҳамин давраи соли гузашта 0,6%)-ро ташкил дод.
Ба иттилои манбаъ, моҳи август нархҳои истеъмолӣ дар ҷумҳурӣ ба андозаи 0,8% афзуданд, аз ҷумла қимати маҳсулоти ғизоӣ – 0,9%, дигар маҳсулоти ғайриғизоӣ -0,5% ва тарофаҳои хизматгузориҳои пулакӣ – 0,9% боло рафтанд.
Ҳукумати кишвар ният дошт, ки то ахири сол сатҳи таваррумро дар сатҳи 7% нигоҳ дорад, вале дар миёнаи сол он то ба 11% тасҳеҳ гардид.
Дар ҳамин ҳол, арзиши маҷмӯи маҳсулоти сабади истеъмолӣ барои як узви оила ба ахири моҳи июн 120,24 сомонӣ (25,2 $) ва дар ҳолати меъёри истеъмоли маҳсулоти серғизо 248 сомонӣ (52,1 $)-ро ташкил додааст.