Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 15 – солагии таъсисёбии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ҷашн гирифта шуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, ташрифи бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ва иштироки ў дар ин чорабинии идона нишонаи таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат ба масоили таълиму тарбияи насли наврас, омўзиши амиқи илму техника ва технологияҳои муосир ва ҳамчунин забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русию англисӣ арзёбӣ мегардад.
Дар саҳни ҳавлии ин муассисаи таҳсилоти олӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони бинои нави он, ки бо тарҳи хеле зебо ва шароити муосири корию таълимиаш бинои асосии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия хоҳад буд, оғоз бахшид.
Тавре иттилоъ дода шуд, ин бинои 5 – ошёнаи хуштарҳу замонавӣ бо харҷи қариб 30 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети ҷумҳуриявии Тоҷикистон дар зарфи 2,5 соли оянда сохта, ба истифода дода хоҳад шуд. Барои оғози сохтмон аллакай 4,5 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Тибқи лоиҳа, бино аз 38 синфхонаи хурд, миёна ва калони муҷаҳҳаз, толори бузурги маҷлисӣ бо 400 ҷойи нишаст, толорҳои машваратӣ, таҷҳизоти муосири техникию технологӣ барои таълими босифати донишҷўён, воситаҳои таҳсилоти фосилавӣ бо донишгоҳҳои дигари дохилу хориҷи кишвар таркиб хоҳад ёфт.
Дар бинои ҳозираи таълимӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шоҳиди дарси фосилавии миёни донишҷўёни Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ва донишҷўёни шуъбаи тоҷикии факултаи тарҷумонии Донишгоҳи Давлатии Забономўзии Маскави Федератсияи Русия гардид. Тавре аён гардид, имрўз ҳам дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия имконоти таҳсилоти фосилавӣ бо муассисаҳои таълимии дигар аз дохил ва хориҷи кишвар васеъ истифода карда мешавад.
Маҷлиси тантанавии бахшида ба солгарди 15 – уми таъсисёбии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар саҳни ҳавлии он баргузор гардид, ки дар он Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуда, омўзгорону донишҷўён ва меҳмонони донишгоҳро бо ин санаи фархунда табрику таҳният гуфт.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти 15 – солаи донишгоҳи мазкур, ки бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон ва бо дастгирии Русия таъсис ёфта буд, баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки дар ин мўҳлат Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар соҳаи маорифи кишвари мо нақши намоён гузошт. «Имрўз хатмкардагони он дар хизмати давлатӣ, ширкатҳои бузурги ватанию хориҷӣ, бонкҳо ва дигар муассисаҳо фаъолияти босамар доранд», – изҳор дошт Сарвари давлат.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, бояд кўшиш ба он намуд, ки ин донишгоҳ ба як маркази илмию маърифатии сатҳи байналмилалӣ табдил ёбад.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия бояд дар омода кардани омўзгорони забони русӣ ва такмили ихтисоси онҳо барои таъмини муассисаҳои таълимии Тоҷикистон нақши намоён дошта бошад.
Ба масоили забонӣ дахл намуда, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла таъкид дошт, ки принсипи таълим бо забонҳои сегона – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бояд дар тамоми муассисаҳои таҳсилотӣ ҷорӣ карда шавад. Ба андешаи ў, «зарурати омўзиши амиқ ва истифодаи васеи забони давлатӣ бояд ҳеҷ гоҳ зери шубҳа гузошта нашавад ва дар баробари ин омўзиш, донистан ва истифодаи васеи забонҳои русӣ ва англисӣ низ аз вазифаҳои аввалиндараҷа аст».
Ба вазорати маориф дастур дода шуд, ки мутахассисони тамоми соҳаҳо мутобиқи талаботи бозори меҳнат ва бо сифати баланд омода карда шаванд.
Бо истифода аз фурсати муносиб Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз фаъолияти босамари Филиали Донишгоҳи Давлатии Маскав ба номи Михаил Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва аз омодагӣ ба ифтитоҳи филиалҳои Донишкадаи энергетикии Маскав ва Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии Русия изҳори қаноатмандӣ намуд.
Дар ҷамъомади тантанавӣ, ҳамчунин Муовини вазири маорифи Федератсияи Русия Алексей Понамарев ва Ректори Донишгоҳи Давлатии Забономўзии Маскав Ирина Халеева суханронӣ намуда, ба ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои илму маориф ва фаъолияти Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия баҳои баланд доданд.
ҷамъомади тантанавии бахшида ба 15 – солагии таъсисёбии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, ки барои иштирок дар он меҳмонони сершумор аз дохил ва хориҷи кишвар ташриф оварда буданд, бо консерти ҳунармандони се ансамбл – Парасту, Славяне ва Вест, ки назди донишгоҳ фаъолият мекунанд, ба поён расид.