Имрӯз аз ҳодисаи фоҷеабори дараи Камароби ноҳияи Рашт, ки бар асари ҳуҷуми мусаллаҳонаи ҷангиён ба қатори автомашинаҳои Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ 28 нафар сарбозону афсарон ба ҳалокат расиданд, як сол пур шуд.
Ҳукуматдорон тамоми масъулияти ҳуҷуми мусаллаҳонаро ба дӯши гурӯҳҳои ҷангиёни собиқ қумондонҳои саҳроии Иттиҳоди мухолифини тоҷик Аловуддин Давлатов (Алӣ Бедакӣ) ва Абдулло Раҳимов (Мулло Абдулло) вогузор намуданд.
Пас аз ин ҳодисаи фоҷеабор дар минтақаи шимоли кишвар амалиёти махсуси густардаи нерӯҳои ҳукуматӣ ҷиҳати аз ҷангиёни мухолиф озод кардани водии Рашт оғоз гардид.
Дар муддати якчанд моҳ ба нерӯҳои ҳукумат нобуд сохтани ҷангиёни ҷудогона муяссар шуд ва танҳо аввали соли 2011 Алӣ Бедакӣ бо ҷонибдоронаш ва моҳи апрели ҳамин сол Мулло Абдулло низ кушта шуд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ талафоти ҷонӣ доданд.
Дар ҳамин ҳол, Додситонии низомии ҶТ тафтишоти парвандаи ҷиноӣ оид ба ҳуҷуми мусаллаҳона ба қатори автомашинаҳои Вазорати мудофиа дар дараи Камаробро ба анҷом расонида, онро ҷиҳати тафтишоти минбаъда ба Додгоҳи Олии ҷумҳурӣ супурд.
Аммо тавре маълум шуд, ифшои маълумот дар бораи ин парванда махфӣ буда, айни замон ҳатто маълум нест, ки чанд нафар дар назди додгоҳ ҷавоб гуфтаанд.