Ояндаи наздик дар шаҳри Хуҷанд бори нахуст баргузории марафони ҷамъоварии воситаҳову маблағ барои беморони рӯҳии вилояти Суғд ба нақша гирифта шудааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори Маркази вилоятии равоншиносӣ Ғуломҷон Маҳмадюсуфов хабар дод, ин аксия аз ҷониби маъмурияти маҳаллӣ дастгирӣ ёфта, он дар майдони назди бозори «Панҷшанбе» доир мегардад.
Ба гуфтаи вай, дар ҷараёни марафон барои беморони гирифтори касалиҳои рӯҳу асаби беморхонаи вилоятӣ дар ҷамоати Лаккони ноҳияи Исфара сарулибос, маводи ғизоӣ ва маблағҳо ҷамъоварӣ карда мешаванд.
«Айни замон марказ ба таъмири асосӣ ниёз дошта, аз норасоии маводи ғизоӣ ва сарулибос барои беморон танқисӣ мекашад. Шахсоне ҳастанд, ки ба марказ ёрӣ мерасонанд, вале он танҳо ба якчанд рӯз кифоя мекунаду халос, – мегӯяд ӯ. – Ғайр аз ин, бемороне бистарианд, ки ба назди онҳо касе аз наздикону хешовандонашон хабаргирӣ намеоянд. Ин беморон тамоми умур яккаву танҳо мемонанд ва ба онҳо кӯмак расонидан зарур аст. Агар афроди некхоҳу саховатманд барои ба ин марказ овардани қубури оби тозаи нӯшокӣ кӯмак мекарданд, хеле хуб мешуд, зеро ба марказ оби нӯшокӣ аз масофаи 15-20 километр – аз ҷамоатҳои Чилгазӣ ва Лаккон оварда мешавад».