Дар бунёди иншооти олимпии шаҳри Сочии Русия зиёда за 480 нафар шаҳрвандони тоҷик машғули коранд.
Расонаҳои хабарии Русия бо истинод ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати ин кишвар дар кишвари Краснодар менависанд, дар бунёди иншооти олимпии шаҳри Сочи дар маҷмӯъ шаҳрвандони 20 кишвари ҷаҳон иштирок дошта, вазъи шаҳр орому босубот аст.
Гуфта мешавад, аксари муҳоҷирони меҳнатии иншооти олимпии шаҳри Сочиро шаҳрвандони Ӯзбекистон (беш аз 2,3 ҳазор нафар) ташкил медиҳанд.Боқимондаи муҳоҷирон шаҳрвандони Украина (886 нафар), Белорус (593 нафар), Туркия (546 нафар), Босния ва Гесрсеговина (541 нафар), Молдова (511 нафар), Сербия (317 нафар) ва Қирғизистон (187 нафар) мебошанд.
Аз шумори умумии бинокорони иншооти олимпии Сочӣ ҳамагӣ 13%-ро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медиҳанд. Ҳамин тариқ, аз 49 ҳазор нафар ҳамагӣ 6,5 ҳазор нафарашон муҳоҷирони корӣ мебошанд.
Дар Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати кишвари Краснодар қайд кардаанд, ки соли равон дар иншооти олимпии Сочӣ 92 санҷиш гузаронида шуда, дар ҷараёни он 353 қонуншиканӣ ошкор карда шудааст. Ба гуфтаи роҳбари хадамоти мазкур Игор Семенякин, қисмати зиёди қонуншиканиҳо ба мавҷуд набудани иҷозатнома барои анҷоми фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави Русия марбут аст.