Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҷиҳати иштирок дар маросими дафни собиқ президенти Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ, ки рӯзи 20-уми сентябр дар ҳавлии манзили зисташ аз ҷониби террорист-маргталаб кушта шуд, озими шаҳри Кобул шуд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, Шукурҷон Зуҳуров бо супориши сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон озими Афғонистон шуда, дар ин сафар ӯро раиси Кумитаи масоили байнулмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти палатаи поёнии парлумони кишвар Олим Салимзода ҳамроҳӣ мекунад.
Ёдрас мекунем, ки раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон ва собиқ президенти ин кишвар Бурҳониддин Раббонӣ бар асари амали террористӣ дар ҳавлии манзили зисти худ ба ҳалокат расид. Шоми имрӯз дар теппаи Вазир Акбар Хони шаҳри Кобул маросими дафни ӯ доир мегардад.
Бино ба маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон рӯзи сешанбе дар кӯчаи 10-уми хиёбони Вазир Акбар Хон, ки дар наздикии маҳалли намояндагиҳои дипломатӣ ва сафоратхонаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико воқеъ аст, инфиҷор рух додааст.
Бар асари таркиш Раббонӣ ва боз панҷ нафар меҳмонони ӯ ба ҳалокат расиданд. Чанде баъдтар як гурӯҳи аъзои ҳаракати «Толибон» ба хабаргузории Reuters гуфтаанд, як гурӯҳе гӯё ҷиҳати созмон додани гуфтушунид бо Б. Раббонӣ таъсис дода шуда, вале ҳадафи аслии гурӯҳ нобуд сохтани собиқ президенти Афғонистон будааст.
«Ҳангоме ки Б. Раббонӣ ба назди намояндаи мо омада, ӯро ба оғӯш гирифтанӣ шуд, ин вақт ӯ дастгоҳи таркандаи дар ҷисмаш бударо ба кор овард, ки дар натиҷа собиқ президент ва чаҳор нафар муҳофизони ӯ кушта шуданд. Ҳар ду намояндагони моро дар гуфтушуниди мазкур Б. Раббонӣ ба хубӣ мешинохт ва ба онҳо эътимод дошт», – гуфтаанд онҳо.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти раҳбарии ҳаракати «Толибон» перомуни ҳалокати Б. Раббонӣ хомӯширо ихтиёр кардаанд ва ин далел бобати ба маҳз аз ҷониби «Толибон» кушта шудани собиқ президенти Афғонистон шубҳаву гумонҳо ба бор меоварад.
Ҳамчунин то ҳанӯз дигар гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи ҳукумати кунунии Афғонистон низ қатли Бурҳониддин Раббониро ба дӯш нагирифтаанд.
Солҳои 1980-1990 Бурҳониддин Раббонӣ яке аз пешвоёни муҷоҳидини афғон буд. Соли 1992 пас аз сарнагун кардани ҳукумати Наҷибуллоҳ то истеъфои расмии худ – 22-юми декабри соли 2001 ӯ мансаби президенти Афғонистонро бар дӯш дошт. Ахиран Бурҳониддин Раббонии 71-сола ба ҳайси раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон ифои вазифа мекард.