Ба сокинони шаҳри Хуҷанд, ки мутобиқи қонуни афв аз маҳбасхонаҳо озод шуданд, аз ҷониби давлат кӯмак расонида мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муҳоҷирати вилояти Суғд хабар додан, то имрӯз ба ин муассиса аз 64 нафар шаҳрвандони афвшудаи шаҳри Хуҷанд оид ба расонидани кӯмаки иҷтимоӣ ва мусоидат ба таъмини ҷойи корӣ аризаҳо ворид шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, миёни афвшудагон аслан ҷавононе ҳузур доранд, ки мутобиқи моддаҳои гуногуни Кодекси ҷиноии ҶТ ба мӯҳлатҳои аз 1 то 17 сол маҳкум шуда буданд. Мутобиқи муқаррароти қонунгузорӣ, то пайдо намудани ҷойи корӣ дар муддати се моҳ ба онҳо 80 сомонӣ маблағ пардохт карда мешавад.
Бино ба маълумоти манбаъ, айни замон аз 64 нафари афвшудаа чор нафар ба агентии давлатӣ муроҷиат кардаанд.
«Ба муроҷиаткардагон кӯмакпулии иҷтимоӣ расонида шуда, ҷойҳои холии корӣ пешниҳод гардиданд. Айни замон дар шаҳри Хуҷанд 264 ҷойи корӣ мавҷуд аст. Корфармоҳо пардохти музди меҳнат дар ҳаҷми аз 120 то 700 сомониро ваъда мекунанд. Шахсоне, ки аз маҳбас ба озодӣ мебароянд, аксаран касби муайян надоранд ва аз ин рӯ, ҳангоми ҷустуҷӯйи кор ба мушкилот дучор мешаванд, зеро ба корфармоён кадрҳои соҳибтахасссус аз қабили челонгару ҳаррот ва дуредгарон лозиманд», – гуфт манбаъ.
Бино ба маълумоти мақомоти мазкур, айни замон дар шаҳри Хуҷанд 1166 нафар бекорон ба қайд гирифта шудаанд, ки ин нишондиҳанда тақрибан ба ҳамин давраи соли гузашта баробар аст.