Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии ҳукумат баргузор гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар маҷлиси навбатии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012 ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2013-2014» мавриди муҳокима қарор гирифт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба он изҳори андеша намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки дар давраи миёнамуҳлати солҳои 2012-2014 суръат бахшидан ба рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, ба хусус бахшҳои энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ, бахши хусусиву соҳибкорӣ ва ба ин васила афзун намудани даромади буҷету тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати иқтисодии ҳукумати кишвар аст.
Дар суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳам гузориши Вазири молияи кишвар Сафаралӣ Наҷмиддинов, аз ҷумла зикр гардид, ки қисми даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2012 дар ҳаҷми 10 миллиарду 160 миллион сомонӣ ва қисми хароҷоти он 10 миллиарду 340 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст ва ин нисбат ба буҷети соли равон мутаносибан 1 миллиарду 860 миллион ва 1 миллиарду 750 миллион сомонӣ зиёд аст.
Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ бошад, дар ҳаҷми 35,8 миллиард сомонӣ, болоравии ҳаҷми истеҳсолот 7% ва таваррум 10,5% пешбинӣ гардидааст.
Тавре таъкид гардид, қариб 50% буҷети соли оянда ё худ зиёда аз 5 миллиард сомонӣ ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ниёзманд равона мегардад.
3 миллиард сомонӣ барои татбиқи лоиҳаҳои стратегӣ, ки ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва бехатарии озуқаворӣ равона гардидаанд, пешбинӣ шудааст.
Соли оянда бо харҷи беш аз 145 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бояд мушкили норасоии оби нўшокӣ дар 24 шаҳру ноҳияи кишвар, аз ҷумла Хорўғ, Кўлоб, Хуҷанд ва ғайра бартараф карда шавад.
Баъди баррасию муҳокимаи муфассал лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012 ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2013-2014» бо назардошти таклифу пешниҳодоти иловагӣ маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин лоиҳаи ду қонуни нав – «Дар бораи ҳифзи растаниҳо» ва «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ» ва чанд лоиҳаи дигар оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои амалкунанда пешниҳод карда шуд.
Ҳисоботи Раиси шаҳри Панҷакент оид ба татбиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ва ҳисоботи Сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи Консепсияи рушди кори бойгонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2018 шунида шуд.
Дар робита ба таъмини рушди минбаъдаи шаҳри Панҷакент ба сохторҳои масъули ҷумҳуриявӣ ва вилоятию маҳаллӣ доир ба тармиму навсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент, барқарорсозии шабакаҳои обрасонии шаҳр, мустаҳкам намудани соҳили рўдҳо, истифодаи пурсамари заминҳои корам, рушди боғутокпарварӣ, картошкапарварӣ, шоликорӣ ва дигар самтҳои фаъолияти ҷамъиятӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ба Сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки доир ба омода кардани кадрҳои ҷавони соҳа ва ба роҳ мондани истифодаи васеи технологияҳои электронӣ тадбирҳои судбахш аамалӣ намоянд.
Як зумра санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқ, аз ҷумла Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012-2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи дастгирии ташкилотҳои сохтмонӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар соҳаи сохтмон барои солҳои 2012-2014, Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011-2015, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 ва Нақшаи барқарорсозӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳраки Шўроби шаҳри Исфараи вилояти Суғд барои солҳои 2011-2015 тасдиқ карда шуд.
Дар марҳилаи аввали Нақшаи барқарорсозӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳраки Шўроби шаҳри Исфараи вилояти Суғд барои солҳои 2011-2015 татбиқи 74 лоиҳаи иқтисодӣ, инфрасохторӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра дар назар дошта шудааст, ки барои танҳо 30 тои онҳо равона намудани 30,5 миллион сомонӣ пешбинӣ мегардад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки ин шаҳраки овозадори саноатӣ бояд бо тамоми инфрасохтори зарурӣ барқарор шуда, минбаъд рушду тараққӣ ёбад.
Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ низ тасдиқ карда шуд, ки бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бештар дар асоси қоидаю муқаррароти забони адабии классикии тоҷикӣ аз нав таҳия ва пешкаш гардидааст.
Дар охири маҷлис Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро бори дигар ба масоили омодагӣ ба зимистон, аз ҷумла захираи фаровони озуқаворӣ, сўзишворӣ, маводи зидди яхбандии роҳҳои мошингард, истифодаи сарфакоронаи нерўи барқ ва маблағҳои буҷетӣ ҷалб намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт