Ба Душанбе ҳайатҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон ташриф меоранд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон хабар доданд, ҳайатро раиси Кумитаи мубориза бо маводи мухаддири ВКД-и Қазоқистон генерал-лейтенант Анатолий Виборов сарварӣ намуда, ҳадафи боздид роҳандозии ҳамкории кишварҳо дар бахши мубориза бо ҷинояткории марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар аст.
«Пагоҳ, 4-уми октябр дар агентӣ маросими ба имзо расидани протокол дар бораи ҳамкорӣ миёни мақомоти мубориза бо маводи мухаддири ҳарду кишвар дар назар аст», – гуфтанд дар агентӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқоту гуфтушунидҳо бо хадамоти фаврии Агентӣ ва ВКД-и Қазоқистон масоили баргузории амалиётҳои муштарак баррасӣ хоҳанд шуд.
Қобили зикр аст, ки дар доираи сафари президенти Қазоқистон ба Тоҷикистон моҳи июни соли 2000 миёни ҳукуматҳои давлатҳо созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар бахши мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, воситаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ба имзо расида буд.