spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ш. Зуҳуров: Иҷлосияи сеюми парлумон «иҷлосияи қабули қонунҳои босифат» хоҳад буд


Бо пешниҳоди раиси падлатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров, иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе ба кор шурӯъ кард, «иҷлосияи қабули қонунҳои босифат» эълон шуд.

Зимни суханронӣ дар ҷаласаи нахустини пас аз таътил Зуҳров қайд кард, ки дар ҷараёни иҷлосияи мазкур, ки то 30-юми июни соли оянда идома меёбад, намояндагони мардумӣ ба қонунҳои қабулмешуда таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда, мутобиқати онҳо ба меъёрҳои байнулмилалиро тақозо хоҳанд намуд.

Дар идома раиси палатаи поёнии парлумон таъкид кард, ки айни замон дар парлумон беш аз 40 лоиҳаҳои қонунҳо барои баррасӣ қарор дорад. «Дар сурати зарурат ман пешниҳод мекунам, ки ташхисҳои илмиву иқтисодӣ, зиддикоррупсионӣ ва забонии ин лоиҳаҳои қонунҳо доир карда шавад», – гуфт ӯ.

Зуҳуров зикр кард, ки ба вакилони парлумон зарур аст, ба қабули як силсила лоиҳаи қонунҳо дар бораи энергетика, молия, андоз ва иқисод таваҷҷӯҳи бештар зоҳир созанд. Дар ҳамин ҳол, Зуҳуров қайд кард, ки дар муддати идомаи иҷлосия намояндагони мардумӣ бояд бо интихобкунандагони худ доимо дар тамос бошанд, то ки аз мушкилоту пешниҳодоти онҳо огаҳӣ дошта бошанд.

Рӯзномаи ҷаласаи кунунӣ аз 16 масоил иборат аст. Миёни онҳо масоили ворид сохтани тағйироту илова ба қонунҳои ҶТ дар бораи буҷети давлатии соли 2011, реклама, мақомоти милиса ва тасдиқсозии як қатор созишномаҳои байниҳукуматӣ ҷой доранд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...