Қисмати зиёди Тоҷикистонро имрӯз ғубори олуда ба чангу хок фаро гирифт. Обуҳавошиносон пешгӯйӣ мекунанд, ки вазъи обуҳаво рӯзи 8-уми сентябр мӯътадил мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мутахассиси муассисаи давлатии обуҳавошиносии Тоҷикистон Сабзина Сичотшоева хабар дод, ғубори олуда ба чангу хок ё худ «боди афғонӣ», ки дар Тоҷикистон онро чунин ҳам ном мебаранд, хусусияти кӯтоҳмуддатро дорост.
Ба гуфтаи ӯ, пас аз боришоти кӯтоҳмуддат дар рӯзи ҷумъа, 7-уми октябр «боди афғонӣ» фазои Тоҷикистонро тарк хоҳад кард.
Азбаски ин гуна ғуборҳо маъмулан аз кишвари ҳамсояи Афғонистон сарчашма мегирад, мардум аз он бештар ба унвони «боди афғонӣ» ном мебаранд.