spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Акнун радиои «Азиа-Плюс»-ро метавон дар саросари кишвар ва тариқи Интернет шунид


Радиои «Азия-Плюс» барои пахши барномаҳо дар саросари кишвар ва тариқи шабакаи Интернет иҷозатнома гирифт.

Ба гуфтаи директори генералии радио Парвона Аҳрорӣ, айни замон барои муайян кардани басомад ва диапазони пахши барномаҳо дар минтақаҳои кишвар мутахассисон ҷалб карда шудаанд.

Ҳамчунин барои аудиторияи бузурги шунавандагон барномаҳои нав омода шудаанд. «Аммо шакл ва забони гуфтори радио чун пештара – барномаҳои иттилоотиву фароғатӣ бо забони русиву тоҷикӣ боқӣ мемонанд», – мегӯяд П. Аҳрорӣ.

Номбурда мӯътақид аст, ки пахши барномахои радио дар саросари кишвар ба фаъолияти кормандони радио такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. «Радиои мо ба шунавандагон иттилооти фаврӣ бо забонҳои тоҷикиву русӣ, шарҳу тафсири шахсони салоҳиятдор оид ба масоилу мушкилоти муҳими рӯз, навгониҳо аз олами мусиқӣ ва дигар барномаҳои ҷолибро пешниҳод менамояд», – изхор кард ӯ.

Радиои «Азия-Плюс» нахустин радиоест, ки онро метавон тариқи шабакаи Интернет низ шунид. Пахши барномаҳо тариқи шабакаи Интернет пас аз ду моҳ ва дар саросари кишвар каме баъдтар амалӣ хоҳад шуд.

Радиои ASIA-Plus – нахустин радиои мустақили Душанбе. Радио 9-уми сентябри соли 2002 дар мавҷи 107 FM садо дод, 24 соат дар шабонарӯз ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашрҳои хабарӣ ва барномаҳо пахш мекунад. Шакли барномасозии радио – иттилоотию мусиқӣ. Нашрҳои хабарӣ ҳар соат пахш мешаванд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...