Дар масҷиди ҷомеъи марказии шаҳри Душанбе маросими намози ҷанозаи Сафаралӣ Раҷабов, ки шаби гузашта бар асари бемории сактаи қалб дар сини 57-солагӣ аз олам даргузашт, баргузор шуд.
Дар ин маросим намояндагони мақомоти раҳбарии ҳукумат, кормандони мақомоти шаҳрдории пойтахт, дӯстон ва наздикони марҳум ширкат варзиданд.
«Сафаралӣ Раҷабов фарзандаи шоистаи миллат буда, дар давраи душвори таърихии соҳибистиқлол гардидани кишвар саҳми босазо гузошт», – гуфт зимни суханронии худ дар ин маросим раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров.
Ба қавли Зуҳуров, сифатҳои наҷиби инсонӣ ва сатҳи тахассусии баланди Сафаралӣ Раҷабов ҳангоми фаъолият ба ҳайси вазири маорифи ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерасиданд.
«Меҳнати фидокорона барои миллат ва номи неки ӯро мо ҳамеша дар ёд хоҳем дошт», – афзуд Шукурпҷорн Зуҳуров.
Пас аз анҷоми маросими ҷаноза ҷасади Сафаралӣ Раҷабов дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.