spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар парлумон боз дар хусуси забон баҳс мекунанд


Дар ҷаласаи иҷлосияи сеюми палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ перомуни масъалаи истифодаи дурусти меъёрҳои забони тоҷикӣ зимни таҳияи қонунҳо баҳсу музокироти шадид сурат гирифт.

Ҳангоми баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ» баҳсу музокироти шадид оғоз гардид. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумуҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров фаъолияти кумитаву комиссияҳоеро, ки муддати якчанд моҳ лоиҳаи ин қонунро баррасӣ кардаву дар матни он ҳеҷ як ноқисиҳои забониро ошкор насохтаанд, мавриди интиқод қарор дод.

Аз ҷумла, ҳарчанд дар забони таҳияи қонун истифодаи калимаҳои ҳаммаъно (синоним) манъ шуда бошад ҳам, дар ин лоиҳаи қонун аз онҳо хеле зиёд истифода шудааст.

Зуҳуров пешниҳод кард, ки аз ҳисоби вакилон ва намояндагони Вазорати кишоварзии кишвар як гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, дар муддати 10-15 дақиқаи кори ҷаласа камбудиҳои ҷойдошта ислоҳу бартараф карда шаванд.

Аммо пас аз маълум шудани он, ки дар ин муддати кӯтоҳ таҳриру тасҳеҳи ин лоиҳаи қонун ғайриимкон аст, раиси палатаи поёнии парулумон пешниҳод кард, ки лоиҳа дубора барои такмилу таҳрир фиристода шавад ва вакилон ӯро дастгирӣ намуданд.

Лоиҳаи қонуни зикршуда аз ҷониби гурӯҳи вакилони парлумон таҳти сарварии раиси Кумитаи МН МО ҶТ оид ба иқтисод, буҷет, молияи ва андоз Сафаралӣ Раҷабов таҳия гардида буд.

Ба андешаи муаллифони лоиҳаи қонун, қабули он ба афзоиши истеҳсоли асал дар кишвар ба андозаи 30-40% мусоидат хоҳад кард.

Зимни суханронӣ дар ҷаласа вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов зикр кард, ки айни замон дар Тоҷикистон дар як сол ҳудуди 3 ҳазор тонна асал истеҳсол мегардад.

«Метавон гуфт, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бахши занбӯриасалпарварии кишвар дар ҳоли нобудшавӣ қарор дошт. Масалан, танҳо дар вилояти Суғд аз 240 ҳазор оилаи занбӯри асал ҳамагӣ 8 ҳазор оила боқӣ монда буд, – изҳор кард вазир. – Айни замон дар ҷумҳурӣ ҳудуди 179 ҳазор оилаи занбӯри асал мавҷуд аст».

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...