Имрӯз дар бинои суди вилояти Суғд оид ба парвандаи ҷиноии Ӯрунбой Усмонов ва боз чор нафар сокинони вилоят айбнома эълон гардид. Суд Усмоновро дар хабар надодан ба мақомот дар бораи содир шудани ҷиноят айбдор дониста, ба муддати се сол аз озодӣ маҳрум кард
.
Хабарнигор ва адвокати ӯ ба ҳукми содиршуда розӣ набуда, аз болои он ба зинаи болоӣ шикоят бурданианд.
Зимни суханронӣ дар мурофиаи судӣ рӯзи чоршанбеи гузашта Усмонов изҳор кард, ки худро дар назди виҷдону ватан гунаҳкор намешуморад ва аз суд дархост кард, ки ӯро бегуноҳ эътироф намояд.
««Дар ҷараёни мурофиаи судӣ робитаи ман ба фаъолияти созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир» исбот нашуд ва он айбномаҳое, ки тафтишот ба ман пешниҳод карда буд, низ тасдиқи худро наёфтанд», – гуфта буд рӯзноманигор зимни мурофиаи судӣ.
Ёдрас мекунем, ки Ӯрунбой Усмонов 13-уми июни соли ҷорӣ боздошт шуда буд. Пас аз як моҳ ӯ бо шарти тарк накардани қаламрави кишвар озод карда шуд. Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Ӯрунбой Усмонов бо парвандаи ҷиноии чаҳор нафари гумонбаршуда ба узвият дар созмони «Ҳизю-ут-таҳрир» ба як истеҳсолот ҳамроҳ карда шуд.
Хабаргузории Би-Би-Сӣ бар ин назар аст, ки тамоми айбномаҳои ба унвони хабарнигор пешниҳодшуда беасосанд ва ба журналистикаи касбиву озодии баён дар Тоҷикистон хатар эҷод месозанд.
Имрӯз Кумитаи дифоъ аз журналистон (Committee to Protect Journalists) аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват кард, ки журналистон – хабарнигори осиёмиёнагии Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов ва хабарнигори мустақили ҳафтавори «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоилов озод карда шаванд. Ҳукми додгоҳ нисбат ба ин ду рӯзноманигор имрӯз, 14-уми октябр, дар шаҳри Хуҷанд содир шуд.
Дар изҳороти интишоршудаи кумита аз ҷумла гуфта шудааст: «Чун додгоҳ дар Тоҷикистон нисбат ба парвандаҳои ҷиноии бо сиёсат олуда нисбат ба рӯзноманигорон Ӯрунбой Усмонов ва Маҳмадюсуф Исмоилов ҳукм содир карданист, Кумитаи дифоъ аз журналистон хостори тантанаи адолати судӣ аст».
«Мо аз ҳукуматдорон даъват мекунем, ки иттиҳомоти сохта нисбати ин журналистон бекор карда шуда, онҳо фавран ва бидуни чуну чаро озод карда шаванд», – зикр кард ҳамоҳангсози барномаи Кумитаи дифоъ аз журналистон дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Нина Огнианова.
«Ҳар ду рӯзноманигор ҳам барои инъикоси мустақили мушкилот ва масоили муҳими рӯз ҷазо дода мешаванд», – омадааст дар изҳорот.
«Усмонов ба тундгароӣ ва Исмоилов ба тӯҳмату таҳқир ва тамаъҷӯйӣ айбдор карда мешаванд. Натоиҷи таҳқиқоти Кумитаи дифоъ аз журналистон гувоҳи он аст, ки тамоми айбҳо сохтаанд. Дар сурати маҳкум шадани онҳо, ба Усмонов 5 ва ба Исмоилов 16 соли зиндон таҳдид мекунад», – зикр мегардад дар изҳороти CPJ.
Қобили зикр аст, ки имрӯз суд ҳамчунин М.Исмоиловро тибқи се моддаи КҶ гунаҳкор ва аз рӯйи як мода бегуноҳии ӯро эътироф карда, ӯро ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ ҷарима баст.