Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ҳамоиши дуюми сармоягузорӣ оид ба агробизнес ба кор шурӯъ кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Бонки таҷдиду рушди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, чорабинии мазкур дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳаи Бонки таҷдиду рушди Аврупо таҳти унвони «Барномаи кӯмаки молиявӣ ба бахши кишоварзии Тоҷикистон», Марҳилаи II дар ҳамдастӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, барномаи IFC TAFBEP ва дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо доир мегардад, ки онро Мактаби молия ва менеҷменти Франкфурт амалӣ месозад.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳамоиши имсола таҳти шиори «Муттаҳид мешавем, то ки рақобатпазир бошем» баргузор шуда, имконоти сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд ва ба густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо шарикони хориҷӣ оид ба агробизнес ва баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии ҷумҳурӣ мусоидат мекунад.
«Дар кори ҳамоиш беш аз 200 нафар намояндагони ширкатҳо аз Фаронса, Британияи Кабир, Испания, Швейтсария, Юнон, Афғонистон, Тунис, Туркия, Алҷазоир, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон ва Русия ширкат меварзанд, – гуфтанд дар намояндагии БТРА. – Ҳамчунин баргузории семинарҳову шиносоӣ бок ор дар саҳро низ дар назар аст».
Зимнан зикр гардид, ки дар Ҳамоиш намоишгоҳи маҳсулот ва хизматгузорӣ низ созмон дода мешавад. Ҳамоиш пагоҳ, 19-уми октябр, ба кори худ хотима мебахшад.