Дар моҳҳои январ-сентябри соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон беш аз 5 млрд. сомонӣ (зиёда аз 1 млрд. доллари ИМА)-ро ташкил дод.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 5,5% афзуд. Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҳиссаи саноати истихроҷ – 13,3%, саноати коркард – 64,7% ва истеҳсолу тақсимоти нерӯи барқ, газ ва об – 22%-ро ташкил дод.
Дар корхонаҳои Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон дар ин давра ба маблағи зиёда аз 2 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 19,3% бештар аст.
Дар корхонаҳои коркарди нахи пахта ҳаҷми кор дар ин давра беш аз 425 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ-сентябри соли 2010 ба андозаи 14,4% зиёдтар аст.
Дар корхонаҳое, ки тобеъи Вазорати энергетика ва саноат нестанд, дар ин давра ба маблағи ҳудуди 945 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта 11,5% бештар аст.