Чанде қабл дар мулоқоти директории Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Рустам Назаров бо вазири мубориза бо маводи нашъаовари Афғонистон Зарор Аҳмад Муқбил ва намояндаи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Афғонистон Жан Люк Лемахю масоили тақвияти муборизаи муштарак алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи АНМН хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот роҳбари агентӣ меҳмононро бо вазъи мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, чораҳои андешидаи ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин самт ва ҳамкории мутақобилаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар шинос кард.
«Ҷонибҳо хусусияти умумии вазъи низомиву сиёсӣ, истеҳсоли маводи мухаддир ва мубориза бо муомилоти ғайриқонунии он дар Афғонистон ва ҳамчунин масоили баргузории чорабиниҳои муштараки пешгирӣ ва мубориза бо маводи мухаддир дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистонро низ баррасӣ карданд.
Ёдрас мекунем, ки зимни сафари муовини вазири умури дохилии Афғонистон Бозмуҳаммад Аҳмадӣ ба Тоҷикистон миёни АНМН ва Вазорати корҳои дохилии Афғонистон Протоколи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар нишасти хабарӣ директории АНМН изҳор дошт, ки дар протокол ташкил ва баргузории амалиёти муштарак ва чорабиниҳои фавриву ҷустуҷӯйӣ, ҷамъоварӣ, таҳлил ва табодули маълумот оид ба вазъи ҷинояткорӣ дар бахши муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва омодасозии кадрҳо пешбинӣ шудааст.
Р. Назаров ҳамчунин зикр кард, ки дар протокол имкони таъсиси намояндагии афсарони алоқаи Афғонистон дар қаламрави Тоҷикистон низ пешбинӣ гардида, перомуни таҳияи созишномаи дахлдор дар ин бора мувофиқа ҳосил шудааст, ки ба имзо расидани он аввали соли 2012 ба нақша гирифта шудааст.