Дар маркази ноҳияи Айнии вилояти Суғд боз як бинои филиали нави «Тоҷпромбонк» ба истифода дода шуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, бинои филиали мазкур дар сатҳи баланди меъморӣ ва ҷавобгўи талаботи замон сохта шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, дар маросими ифтитоҳи филиали бонк раиси ноҳияи Айнӣ Рустам Раҳматов ва ҷонишини раиси ҶСК «Тоҷпромбонк» Эшов Саидҷон ширкат варзида, мардуми ноҳияро ба ин муносибат табрик намуданд.
Қобили зикр аст, ки бо ифтитоҳи филиали тозабунёд 8 нафар мутахассисони маҳаллӣ ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.