spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

ИМА ҷиҳати коҳиши талабот ба маводи нашъаовар дар Тоҷикистон 300 ҳазор $ маблағ ҷудо кард


Шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқии (INL) Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон зиёда аз 300 ҳазор $ маблағи грантиро дар чаҳорчубаи барномаҳои INL барои паст намудани талабот ба маводи нашъаовар (DDR) барои солҳои 2011-2012 ба ташкилотҳои ғайридавлатии маҳаллӣ ва байналмиллалӣ, ки ҳамаи чор вилоятҳои Тоҷикистонро дарбар мегиранд, ҷудо намуд.

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ба шаш ташкилоти ғайридавлатии маҳаллӣ ва як бритониёвӣ оид ба мубориза ва пешгирии одамон аз нашъамандӣ маблағи грантӣ дода шуда буд. Ин ҳафт лоиҳаи интихобшуда тарзи ҳаёти солимро байни гурӯҳҳои ноустувор ба воситаи иқдомҳои таълимӣ, чорабиниҳои варзишӣ ва рақс, намоишномаҳои театрӣ ва дигар чорабиниҳо тарғиб менамояд. Дар гузашта Сафорати ИМА дар мавзуъи паст намудани талабот ба маводи нашъаовар мусобиқаҳои карате, дзю-до ва бодибилдингро тарзи дастгирӣ мекард, лекин бори аввал ба ташкилотҳои ғайридавлатӣ барои лоиҳаҳои дарозмӯҳлат маблағи грантӣ дода шудааст.

Зикр гардид, ки вусъатёбии маводи мухаддир аз Афғонистон аҳолии Тоҷикистонро дар марзи хатари нашъамандӣ мегузорад.  Ташкилотҳои ғайридавлатии: Хуршед, Престиж, Маркази тадқиқоти журналистӣ, Академияи миллии олимпӣ, Даст ба Даст ва Маркази ҳуқуқӣ кӯдакон дар пешгирӣ ва паст намудани талабот ба нашъамандӣ бо усулҳои “ҳамсол бо ҳамсол”, тақсими маълумоти таълимӣ, гузарондани машваратҳо, чорабиниҳои иттилоотии ахбори омма, таъмири биноҳои варзишӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ фаъолияти худро анҷом хоҳанд дод.  Фаъолияти ташкилотҳои ғайридавлатӣ ба огоҳонидани аҳолӣ аз хатари нашъамандӣ бо маълумот ва вусъатдиҳии малака барои интихоби тарзи зинлагии солимро равона шудааст.

Моҳи ноябри соли ҷорӣ дар чаҳорчӯбаи ин барнома консерти зидди нашъамандӣ дар шаҳри Душанбе ва монанди ҳамин чорабиниҳои фарҳангӣ дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронда хоҳад шуд. Барнома боз қисман таъмир намудани клуби варзишии Испечак ва биноҳои варзишӣ дар наздикии шаҳри Хоруғро дар бар мегирад.  Тақсими дискҳои DVD бо консерти зидди нашъамандӣ ва филми мустанад дар мавзӯи зиндагии нашъамандон як қисми барномаро ташкил медиҳад.

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ният дорад дар оянда низ кӯмак ва дастгирии худро ба мардуми Тоҷикистон давом дихад.  Аз соли 1992 инҷониб Ҳукумати ИМА баҳри амалигардонии барномаҳои мададрасон, ки фаъолияти институтҳои демократӣ, соҳаҳои тиб ва маориф, рушди иқтисодиёт, бехатарии сарҳад, волоияти қонун ва мубориза зидди маводи мухадирро дар Тоҷикистон тақвият медиҳад, такрибан 984 млн долларро сарф кардааст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...