spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Парлумони ҷавонони Тоҷикистон ба иҷлосияи навбатӣ омодагӣ мегирад


Моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе и


ҷ


лосияи навбатии Парлумони


ҷ


авонони То


ҷ


икистон баргузор мешавад.



Ба гуфтаи Эраҷ Саодатсайров, корманди дастгоҳи Парлумони ҷавонони Тоҷикистон,

т

аваҷҷӯҳи ҳукумати ҷумҳурӣ, қисмати зиёди созмонҳои байналмиллалӣ ва маҳаллӣ ба масъалаи ҳаёти ҷавонон ва саҳми онҳо дар рушди ҳамаҷонибаи кишвар рӯз то рӯз зиёд мегардад. Дар қисмате аз ин гуна барномаҳо Парлумони Ҷавонони Тоҷикистон бевосита кушиш ба харҷ медиҳад, то маърифати шаҳрвандӣ ва фарҳанги сиёсии ҷавонон, омӯзиши дақиқи системаи қонунгузории кишвар, принсипҳои асосӣ, қоидаву қонунҳои фаъолияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарзу марҳилаҳои қабули қарору қонунҳо, рушди донишу малакаи мубоҳисаронии ҷавононро беҳбуд бахшад.

«Дар таърихи 28-уми октябри соли ҷорӣ бо дастгирии бевоситаи Хазинаи кӯдакон (ЮНИСЕФ)-и Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди президенти ҷумҳурӣ дар толори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҷумҳурӣ чаҳорумин иҷлосияи Парлумони ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид, –  иттилоъ дод Эраҷ Саодатсайров. – Дар ҷаласаи мазкур вакилони ҷавон яке аз масъалаҳои мубрами рӯз, яъне вазъи соҳаи маорифи Тоҷикистон ва сабабҳои паст шудани сатҳи саводу маърифатнокиро баррасӣ намуда, оид ба саҳми ҷавонон дар рушди маорифи Тоҷикистон андешаронӣ намуданд».

Номбурда, ҳамчунин қайд кард, ки вакилони ҷавони Парлумон дар масъалаи сифати маориф дар Тоҷикистон суханронӣ намуда, зикр карданд, ки яке аз вазифаҳои муҳим ҷалб намудани таваҷҷӯҳи ҷавонони ҷумҳурӣ ба баррасии ин масъала мебошад. Ҳамзамон дар ҷаласаи Парлумони Ҷавонони Тоҷикистон қарор қабул карда шуд, ки  моҳи ноябри соли ҷорӣ вакилон бояд бо ҷавонон дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ силсилаи вохӯриҳо анҷом дода, дар онҳо вазъи соҳаи маориф ва роҳу воситаҳои ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи онро баррасӣ кунанд. Ҳайати вакилон 63 нафарро ташкил медиҳад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...